Ба истифода додани коргоҳи нонпазию қаннодӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти онҳо дар шаҳри Истиқлол

 Ба истифода додани коргоҳи нонпазию қаннодӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти онҳо дар шаҳри Истиқлол <a href="https://t.
Ба истифода додани коргоҳи нонпазию қаннодӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти онҳо дар шаҳри Истиқлол
Yayın: 31 Mart 2023 DÜNYA Google News

 

 

 

Ба истифода додани коргоҳи нонпазию қаннодӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти онҳо дар шаҳри Истиқлол
.2023 , шаҳри Истиқлол

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нонпазӣ ва қаннодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Корхонаи мазкур бо тамғаи “Файзи Истиқлол” маҳсулот омода намуда, барои бо сифат анҷом додани фармоиши мизоҷон ва қонеъсозии талаботи бозори шаҳр имконияти мусоидро доро мебошад.

Дар корхонаи нонпазӣ ва қаннодӣ навъҳои гуногуни кулчақанд, торт, шириниҳо бо тамъу лаззати фарқкунанда, самбӯса, манту ва намудҳои гуногуни нон пухтупаз гардида, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.

Дар маҷмӯъ дар ин коргоҳ то ба 15 номгӯи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ омода мегардад.

Тавре зимни боздид иброз гардид, коргоҳ ҳам барои нуқтаҳои фурӯши мағозаву бозорҳо маҳсулот тайёр менамояд ва ҳам имконият дорад, ки фармоиши мизоҷонро барои омодасозии ин ё он номгӯи маҳсулот дар алоҳидагӣ қабул намояд.

Дар як моҳ дар ин ҷо имконият аст, ки то 4 ҳазор адад намудҳои гуногуни ширинӣ, 1,5 ҳазор дона торти ҳаҷман хурду калон ва то 350 килограм маҳсулоти нонӣ тайёр карда шавад ва дар маҷмуъ дар як моҳ то 5 тонна орди аълосифат барои омодакунии маҳсулоти ниҳоӣ истифода хоҳад шуд.

Дар коргоҳи нонпазӣ 10 нафар, асосан бонувони шаҳр соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд ва бо сифати баланду тамъу лаззати хос маҳсулоти нониву қаннодиро омода карда, ба мизоҷон пешниҳод месозанд.

 

 

 

Коргоҳ дорои дастгоҳҳои каммасрафу муосири пухтупази нону намудҳои гуногуни ширинӣ буда, имконият дорад, ки тамоми намуди фармоишҳоро мувофиқи хоҳиши муштариён ва талаботи бозори истеъмолӣ тайёр кунад.

Назорати сифати маҳсулоти ниҳоӣ бо ҷалби мутахассисон ба таври доимӣ роҳандозӣ шуда, барои омодакунии кулчақанду шириниҳои гуногуну хуштаъм ва намудҳои нон маҳсулоти аълосифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ истифода бурда мешавад.

“Файзи Истиқлол” бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Очилов бунёд гардидааст.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо намоиши маҳсулоти ниҳоии коргоҳи мазкур, ки бо тамғаи “Файзи Истиқлол” истеҳсол мешавад, доир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид кормандон ва масъулинро вазифадор карданд, ки пеш аз ҳама ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд ва бо омӯзиши ҳамаҷонибаи талаботи бозору хоҳиши мизоҷон номгӯи маҳсулотро низ зиёдтар намоянд.

kaynak:http://www.president.tj/node/30340?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Son Güncelleme: 31 Mart 2023